ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як нома унвонии раисҷумҳури Русия Владимир Путин таслияти худро дар робита ба ҳалокати ангиштканон баён доштааст.
"Хабар дар бораи фоҷиаи кони ангишти «Северная»-и Воркутаи Ҷумҳурии Комии Федератсияи Русияро, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат бардоштанд, бо андӯҳи амиқ дарёфтам.Муҳтарам, Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ангиштканон ва наҷотдиҳандагони ҳалокшуда, инчунин таманниёти зуд шифо ёфтанро ба осебдидагон расонед",- омадааст дар номаи Раҳмон.
Инфиҷор дар кони ангишти "Северная"-и Воркута дар ҷумҳурии Коми рӯзи 25 феврал ба вуқӯъ пайваст. Аснои таркиш дар зери замин 110 нақбкан ҳузур доштанд ва 80 тани онҳо тавонистанд ба берун бароянд. Дар ҳоли ҳозир теъдоди қурбониёни фоҷиа 36 нафар гуфта мешавад.
Дар ҷумҳурии Коми аз 28 феврал то 2 март се рӯзи мотам эълон шудааст.