ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар панҷ тамрингоҳи низомии вилояти Хатлон машқҳои таълимӣ-тактикии муштараки ҷузву томҳои пойгоҳи ҳарбии Русия дар ҶТ ва сарбозону афсарони артиши Тоҷикистон сурат мегирад.
"Ин тамринот аз 15 то 20 март баргузор шуда, машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русияро дар бар мегирад ва он аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад",- омадааст дар хабари Вазорати мудофиаи ҶТ.
Машқҳо бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётӣ дар тамрингоҳҳои "Лоҳур", "Сумбула", "Момирак", "Ҳарбмайдон" ва "Ҳалқаёр" доир мегарданд.
Тибқи иттилоъи манбаъ, дар ин машқҳо хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ ширкат меварзанд. Теъдоди хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия, ҳамчунин шумори авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, ки дар машқҳо иштирок мекунанд, то аввали ҳафтаи равон мувофиқа мешавад.
Гуфта мешавад, дар машқҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаи сабуки оташфишон ва артиллерия сафарбар мешаванд.