ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар Душанбе мусобиқаи футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад ФФТ.
Ба иттилоъи мудири шӯъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, Дилором Нусратуллоева, мусобиқаи мазкур рӯзи панҷшанбе, 3 март, дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз меёбад ва то рӯзи 6 март идома хоҳад кард.
Дар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гуруҳ тақсим шуда, дар гуруҳи "А" дастаҳои "Хуҷанд" (Хуҷанд), "Вахш" (Қӯрғонтеппа), мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) ва "Барқ" (Норак) ва ба гурӯҳи "Б" "Ласточка" (Душанбе), "Зебо" (Ҷиликӯл), "Ситора" (Фархор) и "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) дохиланд.
"Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14), ки охири моҳи апрел дар мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Душанбе ширкат меварзад, як марҳилаи омодагӣ маҳсуб мешавад", — иброз дошт Дилором Нусратуллоева.
Бозиҳо 35 дақиқагӣ дар ду қисм идома ёфта, бозии ниҳоӣ рӯзи 6-март сурат мепазирад.