Ҳаво дар Тоҷикистон то 24 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевБа Душанбе баҳор омад. Акс аз бойгонӣ
Ба Душанбе баҳор омад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳаво гарм шуда, фасли баҳор қабл аз муҳлат меҳмони хонаводаи сокинон гардид.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар рӯзи нахустини баҳор дар Тоҷикистон ҳаво гарм шуда, каме бориш дар назар аст, иттилоъ медиҳад идораи обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

"1 март дар давоми шабонарӯз ҳаво қисман абрнок шуда, каме бориш дар назар аст. Ҳаво шабона +10 +12 дараҷа, рӯзона +18 +20 дараҷа гарм шуда, шамол суст мевазад",- меафзояд ин ниҳод.

Ба қавли манбаъ, рӯзи 2 март дар заминаи баланд шудани фишор, ҳаво қисман абрнок шуда, каме бориш ва тумани ғафс дар назар аст. Ҳаво шабона +6 +8 дараҷа, рӯзона +16+18 дараҷа гарм шуда, шамоли суст мевазад.

Рӯзҳои 3 ва 4 март бошад,  ҳавои соф дар назар буда, шабона +8+10 дараҷа, рӯзона +22 +24 дараҷа гарм шуда, шамоли суст мевазад. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво дар водиҳо шабона +8+12 дараҷа ва рӯзона +22 +24 дараҷа гарм мешавад.

Зимнан, дар вилояти Хатлон, дар водиҳо шабона +8 +12 дараҷа ва рӯзона +23 +24 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳаво дар водиҳо шабона +3 +5 дараҷа ва рӯзона +17 +19 дараҷа гарм мешавад.

Дар қисмати ғарбии ВМКБ ҳаво шабона +2+3 дараҷа ва рӯзона +9+13 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят  шабона +3 +5 дараҷа ва рӯзона +15 +17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Душанбе бошад, шабона +10 +12 дараҷа ва рӯзона +15 +17 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0