https://sputnik.tj/20160229/1018682619.html
ММТ арзиши хизматрасонии ИМД-2016-ро эълон кард
ММТ арзиши хизматрасонии ИМД-2016-ро эълон кард
Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм, ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши дар ИМД-2016 иштирок карданро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд. 29.02.2016, Sputnik Тоҷикистон
2016-02-29T14:36+0500
2016-02-29T14:36+0500
2021-04-19T16:18+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101634/09/1016340908_0:0:4864:2736_1920x0_80_0_0_31654b9a861e50ae319d4c2ca2b27f84.jpg
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2016
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101634/09/1016340908_608:0:4256:2736_1920x0_80_0_0_7d4bb435541cd5192fa1db6417d5f2a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
маориф, дар тоҷикистон, маълумотнома, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, душанбе, ммт, маркази миллии тестӣ, имд, имтиҳони дохилшавӣ, бақайдгирии довталабон, арзиши ҳуҷҷатсупорӣ
маориф, дар тоҷикистон, маълумотнома, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, душанбе, ммт, маркази миллии тестӣ, имд, имтиҳони дохилшавӣ, бақайдгирии довталабон, арзиши ҳуҷҷатсупорӣ
ММТ арзиши хизматрасонии ИМД-2016-ро эълон кард
14:36 29.02.2016 (Навсозишуда: 16:18 19.04.2021) Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм, ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши дар ИМД-2016 иштирок карданро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд.
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Шахсони барои иштирок дар ИМД-2016 (имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ) аз қайдгузаранда маблағи муайяншударо дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бояд пешакӣ супоранд ва бо расид дар бораи пардохт ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шаванд, омадааст дар хабари Маркази миллии тестӣ.
Ин марказ мегӯяд, онҳое, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд гузаштан мехоҳанд, ҳоло дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб 200 (дусад) сомонӣ барои бақайдгирӣ (асосӣ), даври 2-юми азнавбақайдгирӣ ва бақайдгирии иловагӣ муайян шудааст.
Ҳамчунин, 20 (бист) сомонӣ барои даври 1‑уми азнавбақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ пардохтан кардан зарур аст.
Тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм, ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши дар ИМД-2016 иштирок карданро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд. Шахсоне, ки падар ё модарашон вафот кардааст, барои иштирок дар ИМД танҳо 50 %-ро аз маблағи муайяншуда, яъне 100 (сад) сомонӣ пардохт мекунанд. Шахсони чунин имтиёздошта ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.
Супоридани аснод ба ММТ барои ИМД-2016 аз фардо, 1 март оғоз мегардад.