ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Аъзои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ахири ҳафтаи равон дар Анҷумани 11-уми худ тасмим гирифтаанд, ки Сафар Ҳақдодов барои як давраи дигар роҳбари онҳо боқӣ хоҳад монд.
Дар баробари баррасии фаъолияти панҷсолаи созмон, мавзӯъи интихоби раиси нави иттиҳодия низ дар миён буд, аммо касе бо раиси собиқу феълӣ вориди сабқат нагардида, дар натиҷа бо аксари овозҳо Сафар Ҳақдодов роҳбари ИС интихоб гардид.
Номбурда дар соли 2011 низ барои панҷ сол раҳбари ин иттиҳодия интихоб шуда буд.
Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон соли 1958 таъсис шуда, баъди чор сол- аз соли 1962 фаъолият дорад. Дар ҳоли ҳозир ин ташкилоти эҷодӣ 134 аъзо дорад.
Актёр, муҳаррир ва продюсеру сенариянависи муваффақ Сафар Ҳақдодов 5-уми августи соли 1961 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шуда, факултаи филологияи тоҷики ДМТ-ро хатм кардааст. Аз соли 1986 дар "Тоҷикфилм" кор мекунад.