Афзоиши воридоти таҷҳизот барои иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкНасби турбин. Акс аз бойгонӣ
Насби турбин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон мизони воридоти таҷҳизот барои иҷрои тарҳҳои сармоягузории худро афзоиш медиҳад.

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Дар моҳи январи соли равон воридоти таҷҳизоти фанноварӣ дар муқоиса бо моҳи январи соли 2014 23% ё ба маблағи $5 миллион афзоиш ёфтааст, менависанд расонаҳои Тоҷикистон бо истинод ба омори вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати кишвар.

Ба иттилоъи ин ниҳод, дар моҳи гузашта ба Тоҷикистон таҷҳизот ва васоили фаннӣ ба маблағи беш аз $26,7 миллион ворид карда шудааст.

Бештаре аз ин таҷҳизоти воридшуда барои иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар сохтмон ва бозсозии тасисоти мухталиф, аз ҷумла дар бахши энержӣ, саноат ва нақлиёту иртиботот истифода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0