Мастчоҳ: нигаронии раиси вилояти Суғд аз вазъи бунёди Меҳробод

© Сайт администрации Согдийской областиНорбибӣ Дустмуродова ва Абдураҳмон Қодирӣ аснои ифтитоҳи пул дар ноҳияи Ғончӣ. 1 сентябри соли 2015
Норбибӣ Дустмуродова ва Абдураҳмон Қодирӣ аснои ифтитоҳи пул дар ноҳияи Ғончӣ. 1 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар баробари таҷлили Наврӯзи бостонӣ, иди Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлоли кишвар, ҳамчунин 60-солагии азхудкунии заминҳои Дилварзинро ҷашн хоҳанд гирифт.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Боздиди раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои шаҳраки навбунёди Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ оғоз шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят.

Кишти такрорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Суғд: вазъи кишоварзӣ дар Зафаробод нигаронкунанда аст

Қайд гардид, ки дар замони касби истиқлолият дар вилояти Суғд сохтмони шаҳракҳои наву замонавӣ аз қабили Сайҳун, Баҳористону Моҳпарӣ  идома дорад. Дар ноҳияи Мастчоҳ низ бунёди як шаҳраки муосир бо номи Меҳробод давом дошта, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар масоҳати 330 гектар, барои 2700 эҳтиёмандон, сокинони ҷамоатхои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва шаҳраки Бӯстон дар ин ҷо замин дода шудааст.

Дар ҳоли ҳозир,  лоиҳаи шаҳраки нав омода шуда, тибқи нақша он бо инфрасохтори замонавӣ фаро гирифта мешавад ва дар он се мактаб, се бунгоҳи тиббӣ, як беморхона, се кӯдакистон, марказҳои ҷамъиятӣ, бозор ва дигар иншооти иҷтимоӣ бунёд карда мешаванд.

Оқои Қодирӣ зимни боздид аз рафти корҳо изҳори нигаронӣ намуда, дастур дод, ки дар самти бунёди хонаҳои истиқоматӣ, шинонидани дарахтони ороишӣ дар заминҳои шафати роҳи асосӣ, корҳои чароғонкунӣ, роҳсозӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ корҳо бояд ҷоннок карда шаванд.

Мувофиқи нақша дар ҷамоати Умари Хайём дар масоҳати умумии 790 гектар боғи сиёҳолу бунёд карда мешавад ва дар маҷмӯъ бошад дар ин мавзеъ беш аз 3 ҳазор гектар замин, ки солҳои тӯлонӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда буд, дубора азхуд карда хоҳад шуд.

Дар идомаи сафар раиси вилоят бо рафти сохтмони бинои беморхонаи касалиҳои сил дар ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд. Ба иттилоъи манбаъ, аксари корҳо дар бинои мазкур ба анҷом расонида шуда, айни замон сохтмончиён ба корҳои ороишии бино машғул ҳастанд. Бояд гуфт, ки бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, он мувофиқи "Барномаи давлатии рушди ноҳияи Мастчоҳ" бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат бунёд гардида истодааст.   

Лентаи хабарҳо
0