ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ду сарнишини чархбол ҳангоми суқути он дар минтақаи федеролии Шлезвиг-Голштейн, ки дар наздикии Гамбург воқеъ аст,ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад додгоҳи маҳаллӣ.
Чархболи Eurocopter 135 дар наздикии майдони футбол, ки он ҷо бозӣ давом дошт, ба садама дучор шуд. Дар дохили чархбол 3 сарнишинон қарор дошта, 2 нафарашон ҷон бохтанд ва халабони сеюм ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шуд, мегӯяд оҷонсии DPA.
Ҳодисаи мазкур рӯзи панҷшанбеи 25 феврал ба вуқӯъ пайваст. Бар асоси фарзияҳои аввалия ин чархбол парвози омӯзишӣ анҷом медод. Сабабҳои суқут таҳқиқ мешаванд.