ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев бо масъулини Намояндагии тиҷоратии Русия ва ширкати «Группа ГАЗ» сурат пазируфт.
Аснои нишаст, маҳсулоти ширкати мазкур муаррифӣ шуда, дигар масъалаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфтанист, намояндагони ширкати "Группа ГАЗ" ба интиқоли маҳсулоти худ ба ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати зарурат омодагӣ изҳор намудаанд.
Ҳанӯз аввали соли равон роҳбари КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" Алимурод Исломзода дар нишасти матбуотии созмонёфта дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт, ки ки идораи тобеъи ӯ ва ширкати "Группа ГАЗ" ба мувофиқа расидаанд, ки соли равон бевосита корҳои таъсиси корхонаи муштарак оид ба насбу васли техникаи махсуси коммуналӣ дар Душанберо оғоз мекунанд.
"Асноди зарурӣ миёни ҷонибҳо моҳи июни соли 2015 ба имзо расида, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ арзиши лоиҳа тақрибан 6 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад",- илова кард Исломзода.
Бояд тазаккур дод, ки ширкати русии "Группа ГАЗ" нақлиётҳои борбардори сабуку миёна, автобусҳо, автомобилҳои боркаши вазнин ва қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳоро истеҳсол намуда, дар 8 минтақаи Федератсияи Русия 13 корхонаро ба ҳам овардааст.