ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар донишгоҳҳои олӣ ва макотиби миёнаи касбии шаҳри Кӯлоб озмуни либоси миллии занона зери унвони "Симои зан" доир мегардад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Озмун ба ҷашни рӯзи Модарон ва 25-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ бахшида мешавад. Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур баланд бардоштани аҳамияти либоси миллӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд дар чорабинӣ аз рӯи шартҳои зерин ширкат варзанд: "Либоси кӯдакона", "Либоси ҳаррӯза", "Либоси идона" ва "Либоси расмӣ".
Ҷамъбасти озмун дар рӯзи Модарон- 8 март дар назар аст.