ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тавре аз гузориши Созмони байналмиллалии озуқа ва кишоварзӣ бармеояд, 16 коршинос ба омузиши роҳҳои мубориза бо малах машғуланд.
Мутахассисон аз Афғонистон, Қирғизистон ваУзбакистон ба Душанбе омада, ҳамроҳ бо ҳамтоёни тоҷики худ роҳҳои мубориза бо малахро меомӯзанд. Бозомӯзии мазкур аз ҷониби Агентии Ҷопон доир ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва Агентии ҳамкориҳои байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ карда мешавад.
Мақсади асосии омӯзиш ин таҷдид, такмил ва ҳамоҳангсозии донишҳои биоэкологӣ оиди зараррасонии малах барои гузаронидани тадқиқотҳо ва идоракунии иттилоот мебошад.
Инчунин омӯзиш ба мавзӯъҳои техникаи пошидани доруҳои зиддималах ва безараргардонии он барои одамон ва муҳити атроф бахшида шудааст.
Баъди семинар дар назар аст, ки иштирокчиён маводҳои омузиширо гирифта дар ноҳияҳо ҳамоишҳои минтақавиор доир мекунанд.
Дар ҳуҷҷатҳо барои омӯзиш гуфта мешавад, ки ин барнома барои беҳтарсозии фазои мубориза бар зидди малах дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва кишоварзии аҳолӣ дар ва нигоҳдории чарогоҳҳо аз малахҳо, безараргардонии он ва ба беҳсозии саломатии одамон ва муҳити зист равона шудааст.