Русия иҷозаи иқомаро барои бархе аз хориҷиён содда мегардонад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷир дар Маркази воҳиди муҳоҷират дар Сахаровои Маскав
Муҳоҷир дар Маркази воҳиди муҳоҷират дар Сахаровои Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро, ки бар пояи он низоми гирифтани иҷозаи истиқомат аз рӯи низоми имтиёз ва доштани маълумоти зарурӣ барои хориҷиёнро фароҳам меорад, омода мекунад.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Хадамоти федеролии муҳоҷират корро аз болои лоиҳаи қонуне, ки барои бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ гирифтани иҷозаи истиқомат дар Русияро соддатар мегардонад, идома медиҳад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ХФМ ФР.

Ба қавли муовини аввали раиси хадамот, Екатерина Егорова барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати истиқомати доимӣ дар Русия механизмҳои зерин фаъоланд: барномаи ҳукуматии кумак ҳангоми кӯчидани ихтиёрии ҳамватанон, бақайдгирии содда ҳангоми маскуншавӣ, иҷозаи истиқомат ва гирифтани шаҳрвандии ФР.

Истгоҳи қатори Казан дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Соли 2016 дар Русия низоми ҷадиди муҳоҷиратии “Мир” роҳандозӣ мешавад

"Бо ҳамин мақсад феълан ба тарҳи қонуне, ки тарзи баллии иҷозаи истиқомат  бо доштани маълумоти олӣ ва муносибатҳои меҳнатии  мувофиқ дар Русияро, пешбинӣ мекунад, машғулем",-изҳор дошт Егорова.

Муовини раиси хадамот қайд намуд, ки ин иқдом як роҳи нав барои интихоби дурусти муҳоҷирон- шаҳрвандони оянда хоҳад буд.

Айни ҳол  барои гирифтани иҷозаи истиқомат, шаҳрванди хориҷӣ бояд на камтар аз як сол дар ҳудуди Русия дар асоси иҷоза ва будубоши  муваққатӣ зиндагӣ карда бошад.

Ҳаҷми боҷи давлатӣ барои гирифтани барои гирифтани иҷозаи иқомат дар Русия 3 ҳазору 500 рубли русиро ташкил медиҳад. Дар баробари ҳуҷҷатҳои стандартӣ, довталаб бояд  санадеро, ки донистани забони руси, таърих ва қонунҳои Русияро тасдиқ мекунад, пешниҳод намояд.

Лентаи хабарҳо
0