Таҷлили иди артиш дар Тоҷикистон бо ҳузури рӯзноманигорон

© Sputnik / Амир ИсаевХизматчиёни низомӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Хизматчиёни низомӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дӯстдорони варзиш миёни сарбозону афсарони артиши Тоҷикистон зиёданд ва ин чорабинӣ низ дар арафаи таҷлили таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз он дарак медиҳад.

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ба муносибати 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати мудофиа дар толори варзишии Кумитаи андоз байни рӯзноманигорон ва сарбозон мусобиқа баргузор шуд.

Тавре дафтари матбуотии ВМ иттилоъ медиҳад, дар он намояндагони ахбори омма ва низомиён аз рӯи 4 намуди варзиш, аз қабили футболи хурд, дастхобонӣ, варзиши сабук ва бандкашӣ рақобат карданд.

Дар мусобиқа дастаи рӯзноманигорон бо либосҳои сурх ва дастаи низомиён бо либосҳои кабуд вориди сабқат шуданд. Дастаи низомиён дастаи рӯзноманигоронро аз намуди футболи хурд бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод, аз намуди варзиши дастхобонӣ бошад, тими рӯзноманигорон сазовори ҷойи аввал гардид.

Аз намудҳои бандкашӣ ва варзиши сабук бошад, дастаи низомиён сазовори ҷойи аввал ва дастаи рӯзноманигорон сазовори мақоми дуюм гардиданд. Дар охир ҳар ду даста бо туҳфаҳои Вазорати мудофиа қадрдонӣ шуданд.   

Лентаи хабарҳо
0