ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Лифти борбар дар шаҳри Королёви вилояти Маскав болои сари як муҳоҷирзан, ки дар яке аз тарабхонаҳо ба ҳайси фаррош кор мекардааст, афтода ва сари ӯро аз танаш ҷудо кардааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи тафтишотӣ.
Ба иттилоъи расонаҳои Русия, эҳтимол ин зан шаҳрванди Тоҷикистон ё Ӯзбакистон буда, 39 сол доштааст. Ӯ талош кардааст, ки аз шахтаи лифт пакети партовро бигирад. Дар ин вақт лифт фаъол шуда, ба поён сарозер гардидааст ва сари ин фаррошро аз танаш ҷудо кардааст.
Ҳоло гурӯҳи бозрасон дар шаҳри Королеви вилояти Маскав иллати вуқӯъи ин ҳодисаро баррасӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, кормандони ин ниҳод барои муайян кардани шахсияти ин муҳоҷирзани фавтида ба маҳалли ҳодиса рафтаанд.
Тибқи фарзияҳои қаблӣ лифти борбар мушкилоти фаннӣ дошта ва ҳоло гурӯҳи тафтишгарон ин паҳлӯи масъаларо низ бозрасӣ доранд.