ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Шаби чоршанбеи гузашта дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, мактаби миёнаи рақами 4 мавриди ғорати дуздон қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
"Аз ин муассисаи таълимӣ сейф аз кабинети директор ва дигар техника ба маблағи умумии беш аз 20 ҳазор сомонӣ дуздида шуданд",- меафзояд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита ба гумони даст доштан дар ин дуздӣ се нафар ҷавонони 20-сола боздошт шудаанд, ки ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ техникаи мактабро рабудаанд.
Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят кормандони милиса сокинони ҷавони шаҳри Қӯрғонтеппа, А.А.- 17-сола, И.М.-и 19-сола, И.И. ва В.А.- 20-соларо боздошт намудаанд.