Дзюдо: ширкати варзишгарони тоҷик дар Гран прии Олмон

Обуна шудан
Мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола севвумин ба шумор рафта, рақобат дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран прии дзюдо, ки рӯзҳои 19-20 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард, иттилоъ медиҳад Кумитаи миллии олимпии ҶТ.

Ҷоми V-уми Вастан оид ба дзюдо: ҷоизаи аслӣ дар Тоҷикистон монд

Ба гуфти манбаъ, ин севумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор рафта, сабқат миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат мепазирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ чаҳор паҳлавон муаррифӣ менамоянд. Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило рӯзи 20-уми феврал вориди рақобат мешавад, се тани дигар- Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни аз 100 кило боло рӯзи якшанбе ба майдон мебароянд.

Дар маҷмӯъ дар ин мусобиқаи бонуфуз ширкати 572 варзишгар (363 мард ва 219 зан) аз 89 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа варзишгарони ҳамаи 15 кишвари собиқи шӯравӣ иштирок мекунанд.

Дар ин мусобиқа варзишгарон инчунин барои дарёфти имтиёзҳои олимпӣ ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия рақобат мекунанд.  

Лентаи хабарҳо
0