ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мудири шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Рӯшон Худоназар Нурҳаётов мегӯяд, мактаби ҷадид дар ҷои дабистони рақами 35 бунёд гардида, онро Ҷамъияти ҳамватанони сокини Твери Федератсияи Русия маблағгузорӣ хоҳанд кард.
"Мактаби нави рақами 35 ба ҷои мактаби валангоршуда дар рустои Рухчи ҷамоати Савноб сохта шуда, аз 5 синфхона иборат мебошад ва бо маблағи 420 ҳазор сомонӣ бунёд хоҳад шуд",- қайд кард ӯ.
Бо ин мақсад қарори раиси ноҳияи Рӯшон «Дар бораи таҷдиди бинои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Рухчи ҷамоати Савноб ба тасвиб расида, аз ҷониби шуъбаи маориф ва илми ноҳия санадҳои лозимӣ барои сохтмони мактаб омода шуда, ба раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидаанд.
Бо саршавии фасли баҳор бунёди мактаб оғоз гардида, то аввали соли таҳсили оянда сохтмонаш анҷом меёбад.
Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар натиҷаи заминларзаи 7 декабри соли гузашта дар ҳудуди вилояти Бадахшон 237 хона пурра хароб шуда, 588-тои дигар қисман вайрон гардидаанд. Теъдоди зиёди макотибу марокизи фарҳангиву иҷтимоӣ низ хисорот диданд. Аксари хонаҳои харобгашта бошанд, марбут ба сокинони водии Бартанги Рӯшонанд.
Мақомоти ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон хисороти заминларзаи 7 декабр дар ин минтақаи кишварро 24 миллион сомонӣ муайян кардаанд.