ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии сеюмашро дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё дар Тошканд бо тими миллии Тайван бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом дод, иттилоъ медиҳад ФФТ.
Ин бозии охирини гурӯҳи "С", ки дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и пойтахти Ӯзбакистон баргузор шуд, шаби душанбе ба поён расид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Некрӯз Алимаҳмадов, Шавқат Ҳалимов ва Меҳрубони Тиллозода ба самар расонданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи "С" мунтахаби Тайланд дастаи Ветнамро бо ҳисоби 3-1 шикаст дод.
Маврид ба ёдоварист, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозиаш 11 феврал аз тими Тайланд бо ҳисоби 4:5 ва дар бозии дувумаш 13 феврал аз тими Ветнам бо ҳисоби 1:8 мағлуб шуда буд.
Ҳамин тавр, дар ин гурӯҳ Тайланд бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб карда, мунтахаби футзали Ветнам соҳиби ҷойи дуввум гардид. Ин ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дастаҳои Тайван ва Тоҷикистон, ки мутаносибан ҷойҳои севвум ва чаҳорумро ишғол карданд, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гаштанд.