ВКД Ғоибовро беҳтарин муфаттиши Тоҷикистон эълом кард

© Sputnik / Амир ИсаевМилисаҳои тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Милисаҳои тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ғоибов ҳамагӣ 9 сол қабл аз ин донишгоҳро бо баҳои аъло хатм карда, шурӯъ аз моҳи майи соли 2008 дар вазифаи муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кор оғоз кардааст.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Майор Диловар Ғоибови 30-сола "Беҳтарин муфаттиш дар соли 2015" дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон шудааст, менависад сомонаи расмии ин ниҳоди қудратӣ.

Ба қавли манбаъ, комиссияи озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин муфаттиш дар соли 2015" Диловар Ғоибовро, ки дар шӯъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор мекунад, "Муфаттиши сол" муайян кардааст.

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳафт масъули ВКД дар Амрико давраи омӯзиширо хатм карданд

Зимнан, сарчашмаи хабар дар бораи меъёрҳои озмун ва корнамоиҳои ин майор ҳарф маълумот надодааст. Қайд шудааст, ки Ғоибов Диловар Валиҷонович 9-уми марти соли 1985 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Оқои Ғоибов соли 2002 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Чкаловро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 2002 бо роҳхати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба   Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар шаҳри Волгоград дохил мешавад.

Ӯ соли 2007 бо дипломи аъло ин донишгоҳро хатм карда, аз моҳи майи соли 2008 фаъолияти кориашро дар вазифаи муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда, алъон дар ин вазифа кор мекунад.

Гуфтанист, ВКД ҶТ шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хуҷандро "Воҳиди тафтишотии беҳтарин дар соли 2015" эълон кардааст.

Лентаи хабарҳо
0