Поёни ҷанги нӯҳсола дар Афғонистон. Навор аз бойгонӣ

Обуна шудан
Қӯшунҳои шӯравӣ 15 феврали соли 1989 хоки Афғонистонро пурра тарк карданд. Аз навори бойгонӣ муқовимати низомиёни шӯравиро бо муҷоҳидини афғон дида метавонед.

15 майи соли 1988 Иттиҳоди Шӯравӣ ба берун овардани артишаш аз қаламрави Афғонистон оғоз кард. Афғонистони ҳамсоя дар он солҳо вазъи ноором дошт, кишвар бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯбарӯ шуда буд. Қисмҳои низомии ҳукумат бо мухолифини силоҳдор даргир буданд.

Мубориза барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ дар Афғонистон идома дошт. Неруҳои шӯравӣ бо ворид шудан ба хоки ин кишвар ба низоъҳои миллӣ ва кашмакашҳои қавмӣ сарбасар гардиданд. Муҷоҳидини афғон ҷангҳои чирикӣ мекарданд ва муқовимат шадид буд. Таври маълум артиши шӯравӣ ба ин тарзи бархӯрд омода набуд.

Ҳузури неруҳои низомии ИҶШС дар ин кишвар 9 солу 1 моҳу 18 рӯз идома кард. Тайи ин муддат 15 ҳазор афсару сарбози шӯравӣ қурбон гардида, 60 ҳазори дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар маҷмӯъ, беш аз ним миллион одамони шӯравӣ иштирокчии бевоситаи ин даргирӣ буданд.

Лентаи хабарҳо
0