Нерӯҳои шӯравӣ аз моҳи майи соли 1988 бар асоси созишнома миёни Афғонистон, Покистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА тарки Афғонистон карданд.
Ҳузури низомии шӯравӣ дар Афғонистон ин кишварро ба фоҷиаҳои бузурги инсониву иқтисодӣ овард. 4 млн сокини кишвар ба Покистон, 2 млн ба Эрон гуреза шуданд. Ҳудуди 2 млн деҳқон маскуни Кобул шуд. Ҳудуди 2 млн нафар кушта, 2 млн дигар захмиву маъюб гардиданд.
Дар муддати 10 сол Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон наздик ба 15 ҳазор сарбозро аз даст дод ва 50 ҳазор сарбоз захмӣ шуда, 7 ҳазор нафар якумра маъюб гаштанд.

Қисми низомии шӯравӣ дар қаламрави ҶДА.

Ҷумҳурии демократии Афғонистон. Сарбозони шӯравӣ дар меҳмонии десантчиёни Афғонистон.

Қисми низомии зиддиҳавоии шӯравӣ дар хоки Афғонистон.

Роҳи пурхатарро сарбозони шӯравӣ ҳимоя мекунанд, то бор ба манзил бирасад.

Шиносоии афсарону аскарони афғон бо низомиёни шӯравӣ.

Ба муносибати 110-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин сарбозони шӯравӣ ба ҳашар баромаданд. Соли 1980.

ҶДА. Мулоқоти ҷавонони афғон бо сарбозону афсарони шӯравӣ.

Омодагии қисми низомӣ барои хориҷ шудан аз қаламрави Афғонистон.

Хурӯҷи шаш қисми бузурги низомӣ дар марҳилаи аввал аз ҶДА.

10/10
© Sputnik / Амир Исаев
Поси хотири ҷанговарони интернатсионалист дар Душанбе