ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 22 майи соли равонро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон карда, тасмим дорад то барои баргузории референдум 68 ҳавзаи интихоботӣ омода намояд.
"Барои баргузории ҳамапурсӣ барои тағйирот дар Қонуни асосии кишвар, 68 ҳавзаи интихоботӣ омода мешавад ва ҷадвали корӣ тасдиқ мегардад",- иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ба иттилоъи манбаъ, КМИРТ аз ҳисоби вакилони парлумон як комиссяи вижа таъсис дода, онҳо фаслҳои тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро, ки дар рефрендум гузошта мешавад, ба сокинон шарҳ хоҳанд дод.
Маҷлиси Намояндагон 22 майи соли равонро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон карда, дар ин референдум ба интихобкунандагон ба суоли "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни асосӣ қабул мекунед?" муроҷиат мегардад.
Маврид ба тазаккур аст, ки рӯзи 22 январ дар иҷлоси навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шавад, баррасӣ шуда буд.
Тибқи ин лоиҳа синну соли довталаб ба курсии президентӣ аз 35 то 30 поин шуда, ин тағйиру иловаҳо ба раисҷумҳури амалкунанда ба ҳайси пешвои миллат ҳақ хоҳад дод, ки бидуни маҳдудият дар интихоботҳои навбатии президентӣ низ иштирок кунад.
Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон соли соли 1994 қабул шуда, ба он ду маротиба дар солҳои 1999 (баъди истиқрори сулҳ) ва соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид кардаанд.