Ёздаҳуми феврали соли 1990 дар назди бинои КМ ҲКТ (алъон қароргоҳи президент) раҳпаймоии сокинон баргузор шуд. Онҳо аз ҳукумат тақозои ихроҷи ҳазорон армании гурезаро мекарданд, ки тибқи овозаҳо ба онҳо бенавбат хонаи зист медодаанд.
Аммо ҳақиқат ин аст, ки паноҳҷӯёни арманӣ ҳамагӣ 47 нафар буданд ва омили сар задани ошӯб дар дигар ҷо буд. Гурезаҳо фақат сабаб шуданду бас.
12 феврал раҳпаймоӣ ба бетартибиву бесарусомонӣ табдил ёфт.
Баъди як рӯз пас аз ворид гардидани артиш ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ба пойтахт издиҳом ором гирифт.
Ба иттилои расмӣ тайи се рӯзи моҳи феврал дар пойтахт 20 нафар (дар бархе ҳолатҳо 25 нафар) қурбон шуданд.

Роҳпаймоӣ дар назди бинои КМ ҲКТ.

Ғурфаи тахрибшудаи фурӯши рӯзномаҳо. Рӯзи 12 феврал раҳпаймоӣ ба бетартибии оммавӣ табдил ёфт.

Мағозаи "Қолинҳо" ғорат шуд.

Тамоми мақомоти қудратӣ бинои марказии ҲКТ-ро муҳофизат мекарданд.

Пас аз эъломи вазъи низомӣ бархе аз кӯчаву паскӯчаҳои Душанберо техникаи ҳарбӣ банд кард.

Аскарон, ки дар дохили автобус хоб рафтаанд. Дар шаҳр қуюди шабгардӣ эълом шудааст.

Танкҳо дар хиёбони Ленини пойтахти Тоҷикистон.

Эътирози густурдаи сокинони пойтахт барои истеъфои се роҳбари кишвар:
Қаҳҳор Маҳкамов, котиби аввали КМ ҲКТ, Иззатулло Ҳаеев, Раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Ғойибназар Паллаев, раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.
Қаҳҳор Маҳкамов, котиби аввали КМ ҲКТ, Иззатулло Ҳаеев, Раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Ғойибназар Паллаев, раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.

Биное, ки оташ гирифта буд. Феврали соли 1990.

Бо фармони Вазири мудофиаи ИҶШС Дмитрий Язов шоми 13-уми феврал артиш ва танку аслиҳаи вазнин вориди Душанбе гардид.