Барои ҷанг омилҳои зиёде вуҷуд доштанд, вале сабаби аслиаш сару садо шуд. Баъд аз вуқӯъи зилзила дар Арманистон ба Тоҷикистон гурезаҳои арманиро оварданд. Мегуфтанд, ки теъдоди онҳо ҳазорон нафар аст ва ҳукумат қасд дорад ба онҳо бидуни навбат маскан бидиҳад. Дар асл теъдоди онҳо танҳо 47 нафар буд…
Аммо аллакай 10 феврали соли 1990 гурӯҳи ҷавонон "бархӯрди арманӣ" ташкил карданд.
Ёздаҳуми феврал дар назди бинои Комитети марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон гирдиҳамоие барпо шуд, ки ширкаткунандагонаш ихроҷи арманитаборҳоро тақозо карданд.
12 феврал эътирозот ба беназмии оммавӣ ва тахрибкориҳо табдил шуданд. Дар ин рӯз кишвар аз бархурди хунини гирдиҳамомадагон бо нерӯҳои давлатӣ дар назди бинои Комитети марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз хоб бедор шуд.
Атрофи бино бо зиреҳпӯшҳо ва нерӯҳои мусаллаҳи ВКД ва амниятиҳо иҳота шуда буд.
Соати даҳи шаби ҳамон рӯз тавассути телевизион хабари ҷорӣ кардани вазъи фавқуллода эълом шуд.
Ҳамзамон бо эътирозот дар Душанбе ба сурати номунназам гурӯҳҳои худдифо ташкил мешуданд. Дар маҳаллоти шаҳр гурӯҳҳое таъсис мешуданд, ки ба онҳо тоҷикҳо, яҳудиҳо, русҳо шомил мешуданд. Онҳо аз тахрибгарон даромади биноҳо ва маҳаллоти худро ҳифз мекарданд. Гурӯҳҳои худмуҳофиз шабона навбатдорӣ карда дар болои боми биноҳо ва саҳни ҳавлиҳо гулханҳо меафрӯхтанд.
Бо фармони вазири дифоъи Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Язов шоми 13 феврал ба Душанбе танкҳо ва воҳидҳои низомӣ ворид карда шуданд ва онҳо тавонистанд аз беназмиҳо ҷилавгирӣ кунанд.
Тибқи омори расмӣ дар тӯли се рӯз 20 нафар кушта (тибқи иттилоъи манобеъи дигар 25 нафар кушта) шуда ҳудуди 600 нафар захмӣ шуданд ва аз онҳо 74 нафар аз шиллики тир захмӣ шуданд.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон натавонист барои нигаҳдории қудрат дар кишвар иқдоми муъассир рӯйи даст бигирад.
Он замон зери фишори эътирозгарон куллияи раҳбарияти Тоҷикистони Шӯравӣ — дабири аввали ҳизби коммунист Қаҳҳор Маҳкамов, раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ Иззатулло Ҳаёев ва раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба истеъфо рафтанд. Вале дертар ин истеъфоҳо аз сӯйи ҷаласаи Комитети марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон пазируфта нашуданд.
Паси ин ҳаводис кӣ меистод?
Тӯли солҳои қаблӣ мақомот то ҳол ҳаводиси он рӯзҳоро арзёбӣ накарданд. Ҳарчанд он замон таҳқиқи ин ҳаводис анҷом шуда буд.
Се сол қабл натоиҷи ин таҳқиқро ба рӯзномаи "Азия-Плюс" раҳбари гурӯҳи таҳқиқотии ҳаводиси моҳи феврал иҷрокунандаи вазифаи Додситонии кулл Солеҳҷон Ҷӯраев қисса кард.
Ба гуфтаи вай, "Комитети амнияти давлатӣ ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мусоъидат кардааст, зеро силоҳе, ки аз он 12 феврали соли 1990 ва дар моҳҳои апрел-майи соли 1992 ба сӯйи мардум тир шиллик кардаанд, ба ниҳодҳои вижаи Комитети амнияти давлатии Тоҷикистон таъаллуқ дошт".
Ҷӯраев гуфт, ки барои таҳқиқи ҳаводиси моҳи феврали соли 1990 беш аз 100 бозрасон (муфаттиш) аз Комитети амнияти давлатӣ, ВКД, Додситонии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон ҷалб шуда буданд. Дар оғоз ҳудуди чаҳор моҳ раҳбарии ин гурӯҳро Маскав бар ӯҳда дошт. Сипас Ҷӯраев раҳбари ин ҳайати бозрасон таъйин шуд.
"Метавонам дақиқ бигӯям: беназмиҳои оммавӣ дар моҳи феврал аз сӯйи нерӯҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои амниятӣ ташкил шудаанд. Онҳо бо истифода аз сару садоҳо дар атрофи масъалаи "арманиҳо", душвории вазъи сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ, афроди норозӣ, руҳониёни тундгаро ва ҳамчунин ҷинояткорон амал карданд", — гуфт Ҷӯраев.
Ташкилкунандагон, ба гуфтаи вай, хуб огоҳ буданд, ки танҳо воҳиди мусаллаҳи нерӯҳои дохилӣ дар кишвар бо дастури раҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба Боку эъзом шудааст.
"Ба масоҷиди кишвар афроди ношинос занг зада ҳамаро ба ҳамоиши 12 феврал даъват мекарданд. Таҳқиқот дақиқ кардааст, ки соати 15:27, то замони ба назди эътирозгарон баромадани Маҳкамов, ба бемористони Душанбе захмиёне интиқол шуданд, ки ҷароҳатҳояшон аз тири аслиҳа шудааст", — гуфт вай.
Ҳамчунин ба гуфтаи вай, наворбардор Матросов аз Ленинград аз тири нишонраси амниятӣ аз болои боми Комитети марказӣ кушта шудааст. Таҳқиқот собит кард, ки тир аз самти боло ба пойин омадааст. Таҳқиқи кушташудагон ва захмиёни дигар низ ин амрро таъйид карданд.
"Аслиҳае, ки аз он 12-ум тирпарронӣ карданд, моли Комитети амнияти давлатии Тоҷикистон буд. Дар ҷараёни таҳқиқот на маъмурони ВКД, на амниятиҳо ва на дигар аз маъмурон аз дасти эътирозгарон ҳеҷ аслиҳае мусодира накардаанд", — зикр кард бозрас.
Вай афзуд, ки дар ҷараёни таҳқиқот собит шуд, ки дар эътирозот ва тахрибкориҳо атбоъи ҷумҳуриҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ мушорикат кардаанд.
Ҷӯраев зикр кард, ки то ҳол ба суоли он ки чӣ касе барои тирпарронӣ фармон додааст, посухе нест. Ҳамзамон вай далелеро пеш овард, ки ба ақидааш, худ посухи он суол мебошад.
"Агар дар хотир дошта бошед, дар ҷаласаи ҳизбӣ изҳороти раиси КАД Петкел буд, ки гуфт мо ба самти фазо бо тирҳои холӣ мепаррондем? Вале таҳқиқот баръакси онро собит сохт. Ман шахсан аслиҳадори КАД бозпурсӣ кардам ва ӯ иқрор шуд, ки то оғози ҳаводис вай ба гурӯҳи "Алфа"-и КАД 15 адад автомат, ду қуттӣ тир ва ду туфанги нишонрас додам".
Он замон раҳбарии "Алфа"-ро Тихонов ва муъовини раиси КАД сарҳанг Белоусов раҳбарӣ мекарданд.
"Ин ҳамон Белоусов аст, ки якҷо бо ду корманди КАД 5 майи соли 1992 дар майдони Озодӣ норинҷак партов кард, ки ду ҷониби эътирозгарон бархурд кунанд, — зикр кард Ҷӯраев. — Вақте ӯро боздошт карданд, ҷома дар тан дошту чаҳрааш грим шуда буд. Ӯро ба таҳхона бурданд. Ман ҳам он ҷо будам, сипас Сангак Сафаров, Нурулло Ҳувайдуллоев (вай аллакай Додситони кулл буд) ва Сафаралӣ Кенҷаев омаданд. Сафаров мехост ӯро бикушад, ба латукӯбаш сар кард. Вале Ҳувайдуллоев ва Кенҷаев аз ин амр ҷилавгирӣ карданд. Белоусов дар шоҳидии ман иқрор шуд, ки дастури раиси КАД иҷро мекард".
Солиҷон Ҷӯраев, ба гуфтаи худаш, гурӯҳи таҳқиқотиро дар соли 1992 низ раҳбарӣ кардааст.
Ин ва дасисаҳои дигар, мегӯяд вай, омили оғози ҷанги шаҳрвандӣ шуданд.
Оғоз…
Ҳаводиси моҳи феврал дар Душанбе ба ташдиди раванди муҳоҷират мунҷар шуд. Тибқи иттилоъи бархе аз манобеъ соли 1990 ба кишварҳои наздик 113,7 ҳазор нафар кӯч бастанд, дар соли 1991- 120 ҳазор нафар, дар соли 1992- 225,4 ҳазор нафар.
Бахши аъзами муҳоҷирон озими Русия шуданд.
Ин ҳаводиси фалокатбор ҷузъе аз раванди ҳаводис дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар нимаи даҳаи 1980 шуданд, ки аз фаъолшавии худшиносии милли халқҳои ин кишвар ва дар пешорӯи дурнамои тағйири ҳокимият ва давлатдорӣ далолат медоданд.
Оғози ҳаводиси дар боло зикршуда ва сипас оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба рақобати сахт барои ҳокимият аз сӯйи "куҳансарборон" — намояндагони ҳизбиву давлатӣ аз як сӯ ва иттиҳоди аҳзоб ва ҷунбишҳои мухолиф аз сӯйи дигар бастагӣ дошт.