ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Имрӯз дар толори хурди мавсум ба Маҷмааи табъу нашри "Шарқи Озод"-и шаҳри Душанбе маросими ёдбуди раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов (Акбари Саттор) доир гардид, иттилоъ доданд ба Sputnik аз котиботи ИЖТ.
"Агар умр вафо мекард, Акбаралӣ имрӯз 51-сола мешуд, аммо афсӯс риштаи ҳаёти ӯ хеле барвақт, дар айни авҷи камолот канда шуд. Аммо ёди ӯ, кору пайкораш дар зеҳни мо ҳамеша зинда хоҳад буд",- иброз дошт раиси тозаинтихоби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар баробари маҳфили ёдбуди оқои Саттор рӯнамоии китоби "Акбари бузург", ки маҷмӯи мақолаву хотирот ва навиштаҳои дӯстону ҳамкоронашро дар бар мегирад, сурат пазируфт.
Акбари Саттор, муассис ва молики нашрияҳои маъруфи "Чархи гардун", "Вечерний Душанбе", "Дайджест-Пресс","Аладдин" ва "Зан ва мард" буд ва аз соли 2005, тайи 10 соли ахир раҳбарии бузургтарин созмони журналистии Тоҷикистон- ИЖТ-ро низ бар дӯш дошт.
Ӯ рӯзи 28 августи соли 2015 аз дунё даргузашт.