Истиқболи гарми сокинони шиамазҳаби Алепо аз сарбозони Асад

Обуна шудан
Ҳаёт дар манотиқи шимолии Алеппо пас аз озод шудани шаҳр аз асорати ҷангиёни "Ҷабҳат-ан-Нусра" аз ҷониби артиши Сурия ба маҷрои муқаррарӣ бармегардад. Дар ин навор истиқболи мардумро аз сарбозони Асад дар шаҳри Нубал (Nubbul)дида метавонед.

Сокинони қисмати шимолии устон ва шаҳри Алеппо ба ҳаёти осоишта бармегарданд. Пас аз чаҳор соли даргириҳои шадид ва ба сар бурдан дар асорати ҷангиёни "Ҷабҳат-ан-Нусра" (ташкилоти табушуда дар Тоҷикистон) аҳолии ин манотиқ аз ҷониби артиши Сурия озод шуданд.

"Вақти дар муҳосира қарор доштанамон мо ба обу ғизо дастрасии комил надоштем, барқ набуд, газ ҳам вуҷуд надошт. Бале, маҳз ҳамин тавр буд. Ворид гардидани артиш ба қаламрави мо сабукӣ овард",- нақл мекунад яке аз сокинони шаҳри Нубал.

Қаблан низомиёни артиши Сурия роҳҳои асосии интиқоли силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ба террористонро, ки аз Туркия мерасид, баста буданд. Баъд аз ин, ҳуҷуми онҳо ба шаҳрҳои Нубал ва Зуҳра оғоз гардида, ин манотиқ аз ҷангиён озод карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0