Расонаҳо: бархӯрди қаторҳо дар Баварияи Олмон, қурбониён ҳастанд

© REUTERS \ Michael DalderКормандони хадамоти наҷотбахшӣ дар маҳалли ҳодиса дар баварияи Олмон
Кормандони хадамоти наҷотбахшӣ дар маҳалли ҳодиса дар баварияи Олмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як қатор аз роҳ берун шуда, қатори дуввум ба боқимондаи он бархӯрдааст. Наҷотдиҳандагон дар маҳалли ҳодиса ба одамони зарардида кумак мерасонанд.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Бар асари бархӯрди ду қатор дар наздикии шаҳри Бад-Айблинг, воқеъ дар Баварияи Олмон ҳашт тан ба ҳалокат расида, 150 кас захм бардоштааст, иттилоъ медиҳанд намояндагони ВАО бо истинод ба пулиси Федеролии ҶФО.

Пулиси Олмон фавтидани чандин танро тасдиқ кардааст, аммо дар бораи шумори дақиқи онҳо маълумот надодааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳудуди 10 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Бархӯрди ду қатор соати 6:48 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, аснои он чанд вагон аз роҳ берун шудааст.

Ба ҷои ҳодисаи наҷотдиҳандагон, кормандони хадамоти сӯхторнишонӣ, табибони ёрии таъҷилӣ аз минтақаҳои ҳамсоя ҳозир шудаанд. Ҳашт чархбол низ барои кӯмак ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд.   

Лентаи хабарҳо
0