ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ, ки рӯзи душанбе баргузор шуд, татбиқи нақшаи генералии пойтахтро мавриди баррасӣ қарор дод, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати шаҳр.
Ба иттилоъи манбаъ, дар доираи нақшаи генералии Душанбе таҷдиди боғи "Дӯстии халқҳо" ва тахриби маҷмааҳои савдои "Ганҷина" ва "Панҷшер" дар назар аст.
"Дар доираи таҷдиди «Боғи Дӯстии халқҳо» бунёди Маҷмааи меъмории «Истиқлолият» дар назар аст, ки ҳудуди феълии марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер»-ро фаро хоҳад гирифт",- менависад манбаъ.
Маркази тиҷоратии "Панҷшер" аз амволи нисбатан назаррасест, ки ба хонаводаи Чоловҳо, собиқ қумандонҳо ва ҷангиёни Фронти халқӣ марбут дониста мешавад.
Ҳамзамон, мири пойтахт тасмим гирифтааст, ки ба ҷои собиқ мошинбозор дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт калонтарин варзишгоҳ дар кишвар бунёд гардад.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ варзишгоҳи муосир барои бозии футбол бо 25 ҳазор ҷойи нишаст дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳр амалӣ хоҳад шуд.