ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин тоҷикистониён ва ҳамтои худ Эмомалӣ Раҳмонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфтааст, иттилоъ медиҳад lафтари матбуотии Кремл.
Ҷаноби Путин дар сухани табрикотии худ илова кардааст, ки соли 2015 ба муносибатҳои Тоҷикистону Русия соли бобарор ва судманде буд.
Вай дар номаи табрикотии худ ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳамкории созандаи ду кишвар минбаъд низ бо суръати баланд пеш рафта, барои мустаҳкамсозии субботу амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Русия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе сафорати Русия фаъолияти худро оғоз кард.
Дар таърихи 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба Намояндагии Тоҷикистон дар Русия табдил дода, 18 декабри ҳамон сол дар заминаи он сафорат таъсис дода шуд. Алҳол дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа консулгариҳои генералии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия ва густариш бахшидан ба ҳамкориҳо нақши муҳим дорад.