ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Сементи Тоҷикистон барои бори аввал ба Афғонистон содир шуд, дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ додааст.
Ибтидои ҳафтаи равон 12 мошини боркаш, ки дар умум ҳомили 370 тонна семент буданд, аз гузаргоҳи марзии "Панҷи поён" дар вилояти Хатлон убур карда, вориди Афғонистон шуданд.
Гуфтугӯ дар мавриди интиқоли сементи Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя бо як қатор корхонаҳои сементбарории кишвар идома дорад. Барои мисол ҳоло дар ин бора миёни корхонаи "Хуаксин- Ғаюр семент"-и Тоҷикистон ва "Шамал Шарқ"-и Афғонистон дар мавриди интиқоли 500 тонна семент шартнома имзо шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон наздик ба 10 корхонаи сементбарорӣ фаъолият дорад, ки дар сол дар умум 1,1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳанд кард.
Бузургтарин корхонаи сементбарорӣ дар Тоҷикистон корхонаи "Хуаксин- Ғаюр семент" мебошад, ки дар ноҳияи Ёвон ҷойгир буда, дар як сол то 1 миллион тонна семент истеҳсол мекунад.
Баъд аз корхонаи "Хуаксин- Ғаюр семент" корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе дар мақоми дуюм қарор дорад, ки зарфияти истеҳсоли 1 миллион тонна семент дар солро дорад. Аммо дар ҳоли ҳозир танҳо 30%-и иқтидори он фаъол аст.
Сементи истеҳсолкардаи корхонаҳои Тоҷикистон навъи М500 аст.