Соли нави мелодии 2016, ки онро соли маймун унвон мекунанд, бо сифоти вижаи худ вориди ҳар хонадон мешавад. Дар куҷо метавон ин солро беҳтару хубтар пешвоз гирифт? Албатта дар сирк! Ва мо низ тасмим гирифтем дар арафаи Соли нав ба он ҷо рафта, он ҷо бо маймуни ҳақиқӣ- рамзи соли 2016 шиносв шавем.
Чанд моҳ боз Вафо Изатуллоев ва маймун Лолита барои ширкату ҳунарнамоӣ дар ҷашни "арчаи президентӣ" омодагӣ гирифтанд, машқ карданду ҳамвора дар тамрин буданд. Имрӯз ҳам Лолита ба тамошобинони кӯчак нишон дод, ки чӣ тавр даҳони "кола"-ро мекушояд ва "чупа чупс"-ро мазза карда мехӯрад.
"Лолита хеле рашкин аст. Ба касе иҷоза намедиҳад, ки ба ман даст расонанд. Вақти тамрин ҳатто кормандон ба ман наздик шуда наметавонанд. Ӯ ҳар каси наздик мешударо тела медиҳад",- нақл мекунад Изатуллоев.
Хуллас, ана ҳамин тавр!
Дар Соли нав ба Лолита, кормандони сирк ва ҳамаи Шумо дар маҷмӯъ комёбӣ, муваффақият ва пешрафтро таманно дорем.