Сомонаи Амуру Темур аз фаъолият бозмонд. Бо сабаби сертамошобинӣ

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкДӯстии бӯз Темур ва паланг Амур
Дӯстии бӯз Темур ва паланг Амур - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳарчанд онҳо шабона ҷудогона хоб мераванд, вале рӯзро канори ҳам сипарӣ менамоянд. Навори видеоӣ аз дӯстии онҳо тавонистааст, дар саҳифаи Ютуб миллионҳо бинанда пайдо кунад.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Фаъолияти сомонаи боғи ҳайвоноти Приморский баъд аз оне ки дӯстии Амуру Темур ба таври онлайн тавассути он ба намоиш гузошта шуд, қатъ гардидааст.

Зиндагии бӯзу паланге бо ҳам дар боғи ҳайвоноти Приморский тавассути сомонаи ин боғ ба таври онлайн рӯзи чаҳоршанбе намоиш дода шуд. Барои намоиши ин дӯстӣ чаҳор дурбин дар гирду атрофи қафас гузошта шуда буд.

"Аз ҳамаи корбарон дар робита ба қатъ шудани фаъолияти сомона маъзарат мехоҳем. Далели басташавии сомона ворид шудани шумори зиёди корбарон гуфта мешавад, ки "сервер хостинга" тавони бардошти онро надошт", — навиштаанд масъулини боғи ҳайвонот дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Зиндагии бӯзу паланги боғи ҳайвоноти Приморский дар як қафас беш аз як моҳ мешавад, мавзуи меҳварии расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор дорад. Масъулини боғ бӯзро ҳамчун "хуроки зинда" барои паланг як моҳи пеш ба ин қафас андохта буданд. Аммо паланг ба ҷои хурдан ҳатто рахти хобашро дар ихтиёри бӯз гузоштааст.

Ҳарчанд онҳо шабона ҷудогона хоб мераванд, вале рӯзро канори ҳам сипарӣ менамоянд. Навори видеоӣ аз дӯстии онҳо тавонистааст, дар саҳифаи Ютуб миллионҳо бинанда пайдо кунад.

Лентаи хабарҳо
0