ВАО: Саидумар Ҳусайнӣ тибқи 14 моддаи КҶ муттаҳам мешавад

© Официальный сайт ПИВТСаидумар Ҳусайнӣ. Акс аз бойгонӣ
Саидумар Ҳусайнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизбу муовинони орнро дар даст доштан дар ошӯби моҳи сентябр гунаҳкор медонан , ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карданд.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла аз ташкили иттиҳоди ҷиноӣ то бисёрзанагӣ алайҳи муовини аввали раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Саидумар Ҳусайнӣ айб эълон кардааст, иттилоъ медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Ҷаласаи ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳусайнӣ: “агар президент бихоҳад, ҲНИТ номашро тағйир медиҳад”

Номбурда аз моҳи сентябр боз дар боздошт қарор дорад ва ду рӯз қабл аз ин мақомоти тафтишотӣ ба вакили мудофеаш аз поёни раванди тафтишот ва эълони айбнома хабар додаанд.

Дар ҳамин ҳол, вакили расмии ӯ Ситора Азизова  аз сӯҳбат бо матбуот дар бораи ҷузъиёти парвандаи муваккилаш худдорӣ мекунад. Пайвандони Ҳусайнӣ низ баъди даъват шуданашон ба як "сӯҳбат" бо мақомот аз ҳар навъ тамос бо хабарнигорон дурӣ меҷӯянд.

Тибқи айбномаи Додситонии кулли Тоҷикистон, Саидумар Ҳусайнӣ дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ; иштирок дар ин иттиҳод; барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва маҳалгароӣ; даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон; тахрибкорӣ; тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш муттаҳам мешавад.

Додситонии кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кул: 23 узви Раёсати олии ҲНИТ боздошт шудааст

Ҳамзамон, оқои Ҳусайниро ба одамкушӣ, терроризм, ҷалби одамон барои истисмор ва бисёрзанагӣ айбдор мекунанд.

Дар қонунҳои Тоҷикистон барои ин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз 15 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, дар аввали моҳи оянда парвандаи Саидумар Ҳусайнӣ бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шавад.

Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 сентябри соли ҷорӣ Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби инак мамнӯи наҳзати исломӣ ва 12 узви дигари Шӯрои сиёсии ин ҳизбро ба иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаҳо ба чанд иншооти муҳими давлатӣ боздошт карданд. Ин боздоштҳо баъди саркӯби исёни собиқ муовини вазири мудофиа, генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) сурат гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0