Пулиси Афғонистон дар як рӯз 15 ҷангҷӯйро нобуд кардааст

© AP / Massoud HossainiНеруҳои вижаи ВКД-и Афғонистон
Неруҳои вижаи ВКД-и Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳҳои ахир вазъ дар Афғонистон шиддат ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар натиҷаи як амалиёти вижаи зиддитеррористии худ 15 ҷангиро дар давоми рӯзи ахир нобуд кардаанд, иттилоъ медиҳад Вазорати корҳои дохилии ин кишвар.

"Ин амалиёт дар вулусволиҳои Нангарҳор, Қундуз, Сари пул, Лоғар ва Ғазнӣ сурат гирифта, дар натиҷаи онҳо 15 ҷангӣ нобуд карда шуда, якеи дигар захм бардоштааст", — афзудааст манбаъ.

Дар амалиёти зиддитеррористии неруҳои амниятии Афғонистон инчунин кормандони ВКД ва Вазорати дифои ин кишвар ҳам иштирок намудаанд.

Моҳҳои ахир вазъ дар Афғонистон шиддат ёфтааст. Ҷунбиши ифротии "Толибон", ки манотиқи назарраси баъзе аз манотиқи ин кишварро дар даст дорад, рӯй ба шаҳрҳои бузурги Афғонистон овардааст.

Ҷангиёни "Толибон" дар пайи як амалиёти ҳафтрӯзаи худ шаҳристони Гармачи вилояти Бодғис дар шимоли Афғонистонро тасарруф карданд. Сабаби ин, коҳиши теъдоди кормандони пулис арзёбӣ гардид.

Дар пайи ин ҳодиса ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, теъдоди кормандони пулис дар шимоли кишварро афзоиш диҳад. Ин кормандони иловагӣ ба манотиқи шимолии ин кишвар аз ҳисоби неруҳои марказӣ фиристода хоҳанд шуд, ки дар вилоятҳои Бадахшон, Қундуз ва Тахор амнияти сокинонро таъмин хоҳанд кард.

Вазъ дар шимоли Афғонистон охирҳои моҳи сентябр замоне шиддат ёфт, ки яке аз шаҳрҳои бузургтарини ин кишвар, шаҳри Қундуз, ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон аз ҷониби садҳо ҷангии Толибон ба осонӣ тасарруф шуд.  Шумори кормандони неруҳои ҳукуматии Афғонистон дар шаҳр ва вилояти Қундуз то ба 10 ҳазор расидааст. Вале бо вуҷуди ин онҳо натавонистанд, сади роҳи садҳо ҷангии Толибон шаванд.

Лентаи хабарҳо
0