Бунёди 3 мактаб дар Конибодом бо 1460 ҷойи нишаст

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкДаромадгоҳи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд
Даромадгоҳи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бахшҳои инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ сатҳи зиндагии беш аз 26 ҳазор бонуи ноҳия беҳтар шуд.

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар ҳукумати шаҳри Конибодом оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар солҳои 2011-2015» ва муҳокимаи «Барномаи рушд барои солҳои 2016-2020» ҷаласаи корӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд дар ҳукумати вилояти Суғд.

Дар нишаст перомуни лоиҳаҳои барнома, ки дар солҳои 2011-2015 амалӣ гардиданд, сухан рафта, зикр гардид, ки дар ин муддат аз 240 лоиҳа, аз ҷумла 107-тои он бо маблағи 32 млн. 195 ҳазор сомонӣ амалӣ шуда, 62 лоиҳаи дигар ба маблағи 11 млн. 100 ҳазор сомонӣ мавриди амал қарор дорад.

Ҳалқаи дор - Sputnik Тоҷикистон
Дар Конибодом ноболиғи 14-сола даст ба худкушӣ зад

Дар натиҷаи татбиқи барнома зиёда аз 61 км заҳбур, 11 км каналу ҷӯйбор, 116 нуқтаи обтаъминкунӣ таъмир гардида, ҳолати мелиоративии 370 га замин беҳтар шуд. Ҳамчунин,  кӯдакистони №10 дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, 23 корхонаи хурди истеҳсолӣ, 3 мактаби нав бо 1460 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Дар бахшҳои инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ сатҳи зиндагии зиёда аз 26 ҳазору 420 нафар зан беҳтар шуд.

Зимни ҷаласа пас аз натиҷагирии «Барномаи рушди солҳои 2011-2015» лоиҳаи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр барои солҳои 2016-2020» ба маблағи 759 млн. 281 ҳазор сомонӣ пешбинӣ ва муҳокима шуд.

Лентаи хабарҳо
0