ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар шимоли кишвар як марди 34-сола дар қатли ҳамсари собиқаш айбдор мешавад, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии ВКД-и Тоҷикистон.
"Номбурда рӯзи 26 декабри соли равон, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматии собиқ ҳамсараш, зани 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ҳоҷагии дар дасташ буда, 5-маротиба ба қисми чап ва рости гардани ӯ задааст", — афзудааст манбаъ.
Дар натиҷаи ин зан дар пайи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст. Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, нафари гумонбар дар боздоштгоҳ қарор дорад.