Анҷумани ИЖТ баргузор мешавад. 16 январ

© Sputnik / Амир ИсаевМаҷмаи табъу нашри мавсум ба "Шарқи озод". Акс аз бойгонӣ
Маҷмаи табъу нашри мавсум ба Шарқи озод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Анҷумани навбатии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба оинномаи ташкилот тағйирот ворид гардида, ҳайати нави раёсат интихоб мешавад.

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар Душанбе маҷлиси Раёсати Иттифоқи журналистон баргузор гардида, дар он санаи баргузории Анҷумани навбатии ИЖТ маълум шуд, иттилоъ доданд ба Sputnik аз созмони мазкур.

Ба иттилоъи Раёсати ИЖТ, Анҷумани Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бояд 16-уми январи соли 2016 баргузор шавад. Дар назар аст, ки дар Анҷуман ҳисоби муовини якуми Раиси ИЖ Ёқуб Исмоилзода шунида шавад. Инчунин, комиссияи тафтишотӣ ҳисоб пешниҳод мекунад.

Ёдбуди Акбари Саттор: "Мортеппа" "Акбаробод" номгузорӣ шавад

Қарор аст, ба Оинномаи ИЖ тағйиру иловаҳо ворид карда шавад, аммо дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шарҳ надодаанд, ки ин тағйирот чиро дар назар хоҳад дошт.

Ҳамзамон, раёсати ИЖТ ҷоизаҳои нав таъсис додааст, ки дар Анҷуман бояд тасдиқ шаванд. Ба гуфтаи масъулини Иттифоқ аз ҷумла медалҳои ифтихорӣ "100-солагии матбуот", нишони  "Акбаралӣ Саттор" ва мукофоти "Овози тоҷик" номгузорӣ шудаанд.

Интизор меравад, дар ин Анҷуман ҳайати нави Раёсати Иттифоқи журналистон ва раиси он низ интихоб шаванд.

Анҷумани мазкур баъд аз марги раиси Иттифоқи журналистон, ҳамзамон муассис ва директори генералии "Чархи гардун" баргузор мешавад. Оқои Акбари Саттор 28-уми августи соли равон дар синни 50- солагӣ аз олам даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0