ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Шарофиддин Сайфиддинов, оҳангсозони шинохтаи тоҷик дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.
Ба гуфтаи пайвандони оҳангсоз, ӯ 24-уми декабр дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшидааст.
Шарофиддин Сайфиддинов, 24 августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва Консерваторияи давлатии Тошканд мебошад. Солҳои 1962-1984 раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буд. Чандин сол дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба донишомӯзон дарс мегуфт ва соҳиби унвони профессор буд.
Оқои Сайфиддинов муаллифи чандин опера ва асарҳои мусиқӣ мебошад. Операҳои машҳури эҷодкардаи ӯ "Пӯлод ва Гулрӯ" (1951), "Рӯдакӣ" ва "Айнӣ" дар чандин намоишномаҳо соҳиби ҷоиза шудаанд.
Шарофиддин Сайфиддинов ба сурудҳои машҳури "Республикаи ман", "Куртаи атлас" ва "Қасида ба партия" оҳанг бастааст.
Дорандаи унвонҳои Ходими хизматнишондодаи санъат, Ҳунарманди халқии Тоҷикистони Шӯравӣ ва ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ мебошад.