ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Миёни Афғонистон ва Туркия як тавофуқномаю ду ёддошти тафоҳум имзо шудааст, дар ин бора вазири корҳои хориҷии аввалӣ Салоҳиддин Раббонӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар додааст.
Ба навиштаи ҷаноби Раббонӣ, дар ҷараёни сафари расиҷумҳури Афғонистон ба Анқара вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ ва вазири корҳои дохилии Туркия Эфкан Ала тавофуқномаи ҳамкорҳои амниятӣ миёни ду кишварро имзо карданд.
"Бар асоси ин тавофуқнома ҳукуматҳои ду кишвар дар арсаҳои мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои фаромарзию созмонёфта ва маводи мухаддир ҳамкорӣ хоҳанд кард", — навиштааст Раббонӣ.
Инчунин раҳбарони вазоратхонаҳои хориҷии Афғонистону Туркия зери ёддошти тафоҳум дар мавриди гузаронидани машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратхонаҳои ҳар ду кишвар имзо кардаанд.
Бар асоси ин ёддошт, вазоратхонаҳои хориҷии Туркияву Афғонистон машваратҳои сиёсӣ барои баррасии тамоми масоили марбут ба рушди равобити ду кишвар ва табодули афкор дар мавриди масоили минтақавию байналмилалӣ баргузор мекунанд.