Парвози мушаки "Протон-М" бо радифи алоқа аз пойгоҳи Байконур

Обуна шудан
Аз пойгоҳи кайҳонии Байконур мушак бо радифи алоқа ба парвоз даромад.

Мушаки "Экспресс-АМУ1" бояд дар мавқеъи кайҳонии дараҷаи 36 ҷо бигирад. Таҷҳизоти кайҳонӣ бо 70 мавҷгираки вижа ва фарофикан муҷаҳҳаз шуда, қисмати аврупоии Русияро бояд дар мавҷҳои Ku ва Ка диапазонҳо фаро бигирад ва ҳамчунин иртиботу алоқаро дар Африқо низ таъмин намояд.

"Экспресс-АМУ1" саввумин мушаки муосири HTS марбути КФВД "Алоқаи кайҳонӣ" ба шумор рафта, дар қатори чор радифи маснӯъи вазнини Русия ҷойгир мешавад.

Дар маҷмӯъ, дар таҷҳизоти мазкури иртиботот ва алоқаи муосир ҳудуди 12 мушаки мухобирот, аз ҷумла 3 мушаки навъи вазнини Экспресс-АМ5, Экспресс—АМ6 ва Экспресс —АМ7 насб гардидааст.

Чанде қабл парвози мушаки кайҳонии "Протон-М" аз сабаби номусоидии ҳаво- шамоли сахт дар маҳалли идораи парвозҳои Байконур мавқуф гузошта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0