ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Молики пешини ширкати нафти ЮКОС Михаил Ходорковский таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дорад, иброз дошт намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия Владимир Маркин дар ҳузури хабарнигорон.
"Михаил Ходорковский дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад",- гуфт Маркин.
Ҳафтаи гузашта Кумитаи тафтишотӣ эълом дошт, ки дар қиболи Ходорковский бо ҷурми куштор ва қасди куштор парванда боз гардида, мавсуф зери пайгарди байналмилалӣ қарор дорад. Бар пояи фарзияи мақомот, ӯ дар солҳои навадуми садаи бист ба тобеъонаш Леонид Невзлин ва Алексей Пичугин дастур додааст, ки нақшаи куштори мири Нефтеюганск Владимир Петухов ва тоҷир Евгений Рибинро омода намоянд.
Ходорковский даъвати Кумитаи тафтишотро нодида гирифта, ба мақомот ҳозир нашуд. Ба гуфти сухангӯи соҳибкор Кюлле Писпанен, оқои Ходорковский аз тасмими Русия наметарсад ва нақшаҳои худро дигар карданӣ нест.