Коршиноси тоҷик: ҷашни мавлиди Муҳаммад (с) амале наву накӯст

© Sputnik / Амир ИсаевНамози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе, 27 феврали соли 2015
Намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе, 27 феврали соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 23 декабри соли равон мусулмонони тамоми кишварҳои олам аз 1445-солагии мавлиди Муҳаммад (с), паёмбари худу охирин фиристодаи Худованд таҷлил мекунанд.

Ин рӯзро пайравони дини мубини Ислом аксар вақт бо зикри зиндагиномаи Паёмбари хешу фиристодани дуову дуруд бар ӯ паси сар мекунанд. Мавлиди Паёмбар мушаххасоту завқи хоссе назди теъдоди зиёди мусулмонон дорад ва барои он арзише поянда ва ҷойгоҳе бузург қоиланд.

"Ба ривояти торихнигорон дар ҷашни Мавлуд асосан шаҳрро ойинабандон мекарданду ҳалвову ширинӣ ва хурок ба нодорону фақирон тақсим мекарданд", — мегӯяд коршиноси масоили динӣ Саъдӣ Ворисов.

Ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир дар аксар кишварҳои исломӣ мисли Афғонистону Покистон ва Мисру Судон зодрӯзи Пайғомбар расман таътил аст ва маҳофили наъту сират ва зиндагиномаи ӯро баргузор мекунанд ва бар ӯ салавот мефиристанд.

Ҷаноби Ворисов торихи ҷашни мавлиди Муҳаммад (с)-ро ба даврони ҳукумати Фотимиҳо дар Миср рабт медиҳад, ки шиъамазҳаб буданд ва зодрӯзи Пайғамбарро таҷлил мекарданд. Аммо ба гуфтаи ӯ, бо сарнагун шудани ҳукумати Фотимиҳо тавассути Салоҳиддини Аюбии суннимазҳаб ҳам таҷлили ин сана идома ёфт.

Мавлуди Паёмбар (с) ҳар сол 12-уми рабеъ-ул-аввал фаро мерасад, ки имсол ба таърихи 2 ва 3 январи соли 2015 рост омад. Аксар вақт аз як ҳафта то давоми як моҳ аз он таҷлил мешавад.

Ҳарчанд уламо дар мавриди таҷлили мавлиди Муҳаммад (с) миёни ҳам ихтилоф доранд, вале коршиносони масоили динии тоҷик таҷлили онро аз манфиат холӣ намедонанд.

"Ин мавлуд ё худ рӯзи таваллуди Паёмбар — муаллими башарият, сабаби роҳ ёфтани инсоният ва раҳо шудани он аз тирагиҳо ба самти рӯшноӣ ва аз одампарастӣ ба ибодати Парвардигори инсонҳо дониста мешавад. Агарчӣ дар бобати ҷашн гирифтани он миёни уламо ихтилоф аст, умдатан онро амале наву накӯ (бидъати ҳасана) гуфтаанд", — мегӯяд коршиноси масоили сиёсию динӣ Зоир Давлат.

Ҷаноби Давлат мегӯяд, мавлуди Муҳаммад (с), ки дар он бештар зиндагиномаи ин муаллими башарият зикр мешавад, миёни мусулмонон бояд ҳамеша зинда бошад.

Навзод - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммад- маҳбубтарин ном барои навзодон дар Британияи Кабир

"Донишмандоне, ки ин ҷашнро амали наву некӯ медонанд, бар ин боваранд, ки он аз аҳмият холӣ нест. Зеро, он фарогири ҳолоте мисли таҷдиди муҳаббат ба охирин Фиристодаи Худо, нигоҳе ба ҳақиқати пайравии мусулмонон аз ӯ ва бо ин роҳ перостани хеш бо ахлоқи наҷиби паёмбар мебошад. Хулоса, ки ҳамзамон бо мавлуди набӣ, мелоди ҷадиди инсон ба маънии аслии Инсонро метавон дарк намуд, ки масъалае муртабит ба қимату арзиши ҳамин инсон аст", — таъкид мекунад коршиноси тоҷик.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Паёмбар (с) адлу додро ба ҷойи зулму ситам, рӯшноиро ба ҷойи зулмату торикӣ, ҳидоятро ба ҷойи гумроҳӣ, ягонагиро ба ҷойи паркандагӣ, сохтанро ба ҷойи кандан, озодиро ба ҷойи бардагӣ, мудороро ба ҷойи таассуб овард.

"Зиндагиномаи паёмбари охирини Худо, аз мавлуд то реҳлати босаодаташон, бояд миёни мусулмонон ҳамеша зинда бошад, то имонҳо бо ёди он таҷдид шаванд ва ахлоқи поки ӯ дар ҳар як мусулмон таҷассум ёбад, то ҳаёти фардиву оилаву ҷаҳон ба ростӣ идома пайдо кунад", — илова кард Зоир Давлат.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0