Раҳбарону сиёсатмадорони ҷавон

© Sputnik / Дмитрий АхмадуллинДонишҷӯён
Донишҷӯён - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тӯли се сол мешавад, барои идораи мақомотҳои давлатӣ раҳбар тарбия мекунад. Хабарнигори Sputnik талош кард, бифаҳмад, ки ин иқдоми донишгоҳ чӣ суд хоҳад дошту дар оянда дар мавриди пайдо кардани ҷойи кор чӣ таъсире метавонад дошта бошад.

Фабрикаи раҳбарон

Курси "Раҳбарон ва сиёсатмадорони ҷавон" дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2011 ташкил гардид. Аз он замон то ба ҳол ин курсро 539 донишомӯз аз факултетҳои гуногун хатм кардаанд.

"Дар доираи барнома ҳар моҳ як маротиба ба донишҷӯён дар бораи ҳаводиси сиёсӣ лексия хонда мешавад. Онҳо инчунин бо санъати сиёсату раҳбарӣ ошно гардида, табодули таҷриба карда, масоили марбут ба онҳоро баррасӣ мекунанд. Дарсҳоро ба ин донишомӯзон сиёсатмадорони маъруфу ходимони давлатӣ мегузаранд", — мегӯяд корманди шӯъбаи таълимии ДМТ Зуфон Носатов.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ҳоло саффи довталабони ин курс дар ҳоли афзоишёбист. "Дар аввал танҳо донишомӯзони курсҳои аз 3 то 5 ин барномаро мехонданд, вале ҳоло дохили синфхона пур аз донишомӯзони курсҳои аз 1 то 5 мешавад", — афзуд ӯ.

Дар ин гуруҳ ҳудуди 100 донишҷӯйи фаъол дарс меомӯзанд, ки аз миёни донишомӯзони тамоми факултетҳои донишгоҳ интихоб карда шудаанд.

Бо ба поён расидани ин курс ба донишомӯзон шаҳодатнома дода мешҳавад. Аммо дар мавриди он ки ин шаҳодатнома то куҷо роҳи донишомӯзонро ба мақомоти давлатӣ боз мекунад, чизе гуфтан мушкил аст. Тақдири ояндаи муҳассилини ин курс ба ташкилкунандагони он аҳамият надорад.

"Ман намедонам, ин шаҳодатнома ба донишомӯзон дар оянда чӣ медиҳад. Вале баъзе аз хатмкунандагони он мегӯянд, ки онҳоро барои кор ба Вазорати корҳои дохилӣ ё Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват кардаанд ва иқрор мекунанд, ки дар ин бора ба онҳо шаҳодатномаи мо кӯмак кардааст", — изҳор дошт Носатов.

Лентаи хабарҳо
0