ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода ду нафар ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии ВКД.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса шоми 21 декабри соли равон тахминан соатҳои 23:30 ӣдар ҳудуди ноҳияи Ҳисор рух додааст.
Ронандаи 32-солаи автомашинаи "Волфсваген-Голф" аз ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе дар роҳи мошингарди ноҳияи Ҳисор аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ чаппа шудааст.
"Дар натиҷа автомашина оташ гирифта, ронанда ва мусофири дохили он, марди 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд", — афзудааст манбаъ.