Сокинони Ялта ба хотири рафъи муҳосираи энергетикии ин минтақа дар даст "фонарик"-у пуфакҳои газдор гирди арча бо ҳам мерақсанд.
Вазъ дар ин минтақа замоне беҳтар гардид, ки 2 декабри соли равон аввалин хатти пули энергетикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин пул аз Краснодар тавассути халиҷи Керченский убур мекунад.
Бо фаъолшудани хатти дуюми ин пул тавони он то ба 400 мегаватт расид. Қарор аст, то моҳи апрели соли оянда боз хатти пули энергетикии дигаре бо иқтидори мазкур ба истифода дода шавад, ки тамоми сокинони Қримро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард ва зарурате ба неруи барқи Украина нахоҳад монд.