Яке аз ин занон, қаҳрамони рубрикаи "Симои шаҳри мо" ширфурӯши кучагии пойтахт Ҳайитгул мебошад, ки тӯли 15 сол мешавад бо ширфурӯши машғул аст.
Дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон чунин занони ширфурӯш ба чашм намерасанд. Танҳо дар шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки ҳар сӯбҳ садои ин занони ширфурӯш ба гӯш мерасад. Бархе аз сокинонро садои баланди ин занони ширфурӯш аз хоб бедор мекунад, ки аз ин чиз нороҳат ҳастанд.
Худи Ҳайитгул Амонова дар сӯҳбати мо бо лабханд мегӯяд ҳар субҳ вақте бо садои баланд "Ширда биё" мегӯяд бисёриҳо норозигӣ баён мекунанд. Аммо, ширфурӯшӣ ба шуғли аслии хонум Амонова табдил шудааст ва ризқи худу фарзандонашро аз руи ин касб пайдо мекунад.
Кори ӯ аз соати 5 и субҳ шурӯъ мешавад. Ҳоло, ки фасли зимистон аст, ин зани ширфурӯш дар торикии субҳ аз хона берун мешавад. Ҳайитгул ҳар субҳ ҳудуди 15 литр ширро сари китфонаш аз деҳаи Сарроби ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаҳои серошёна ва бозорчаи километри 9-уми пойтахт мерасонад.
"Панҷ фарзанд дорам, шавҳарам дар Тоҷикистон дар ҳеҷ куҷо кор намекунад ба Русия барои муҳоҷират рафта меояд. Имсол кораш барор нагирифт дасти холӣ омад", — мегӯяд Ҳайитгул.
Холаи Ҳайитгул зани хонашин буда ягон маълумоти олӣ надорад. Баъд аз хатми мактаб ӯро ба шавҳар доданд.
Ӯ мегӯяд ҳар субҳ аз хоб барвақт бедор шуда се говашро дӯшида баъд ба савдо мебарояд. "Ҳар рӯз дар зимистон аз соати 6 то 8 дар Тобистон аз соати 5 то 7 савдо карда баъд ба хона рафта боз корҳои хонаро мекунам. Фарзандонамро нигоҳу бин мекунам. Бароям ҳами ин мушкил аст, аммо чи илоҷ зиндагӣ аст".
Ҳайитгул танҳо зане нест, ки даст ба тиҷорати шир задааст. Садҳо тан аз занони дигар низ субҳи худро бо бонги "Ширда биё" сар мекунанд.