Сафир: эҳтимол аст, Душанбе ба эътилофи Риёз бипаёвандад

© AP / Mosa'ab Elshamy, FileНерӯи амниятии Арабистони Саудӣ ҳангоми парад
Нерӯи амниятии Арабистони Саудӣ ҳангоми парад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Арабистон ахиран аз таъсиси эътилофи исломие барои мубориза бо террорризм таҳти раҳбарии Риёз хабар доданд. То ҳол ба ин эътилоф 34 кишвар пайвастааст.

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Душанбе эҳтимол аст, ба эътилофи мубориза алайҳи терроризм ба раҳбарии Риёз бипайвандад, навиштааст нашрияи расмии Арабистони Саудӣ бо истинод ба сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Аъзамшо Латифзода.

"Раҳбарияти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир пешниҳоди Риёз дар бораи пайвастан ба эътилофи исломӣ бо раҳбарии Арабистони Саудиро, ки ба хотири муборза бо терроризм ташкил шудааст, меомӯзад", — гуфтааст ҷаноби Аъзамшоҳ.

Ба гуфтаи ӯ, қарор аст Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи оянда ба Арабистони Саудӣ сафар карда, дар ҷараёни он бо шоҳ — Салмон ибни Абдулазиз дидор кунад.

"Ҷонибҳо дар ин вохурӣ масоили марбут ба тавсеаи равобити ду кишвар, аз ҷумла эҳтимоли пайвастани Душанбе ба ин эътилофро баррасӣ хоҳанд кард", — афзудааст Аъзамшоҳ.

Мақомоти Арабистон ахиран аз таъсиси эътилофи исломие барои мубориза бо террорризм таҳти раҳбарии Риёз хабар доданд. То ҳол ба ин эътилоф 34 кишвар пайвастааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0