ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Русия тамоми далеҳоеро дорад, ки нақз нашудани ҳарими ҳавоии Туркия аз ҷониби ҳавопаймои низомии Су-24-ро тасдиқ мекунад, дар ин бора муовини фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия Сергей Дронов рӯзи ҷумъа хабар додааст.
"Дар ҳоли ҳозир тамоми далелҳо дар мавриди он ки ҳавопаймои Су-24-и мо ҳарими ҳавоии Туркияро нақз кардааст дорем", — гуфтааст ӯ дар нишасти хабарии Вазорати дифои Русия.
"Иттилои нашркардаи Вазорати дифои Русия дар бораи назорати воқеъбинонаи вазъи ҳавоӣ дар минтақаи мавриди назари Сурия то ҳол аз сӯи ҳеч ҷониб, аз ҷумла Туркия расман такзиб нашудааст".
Равобити Анқараву Маскав баъд аз сарнагун шудани ҳавопаймоии зарбазани Су-24 тавассути ҳавопаймои ҷангии F-16-и Туркия дар хоки Сурия ба сардӣ гароид.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи суқути ҳавопайморо "ханҷар аз пушт" номид ва ахиран алайҳи Туркия як силсила таҳримоти иқтисодиву сиёсӣ ҷорӣ кард. Таҳримоти Русия алайҳи Туркия, аз ҷумла манъи воридоти маҳсулоти кишоварзии Туркия ба Русияро дар бар мегирад.