Қарздори фирорӣ аз Тоҷикистон дар Свердловск боздошт шуд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир нафари дастгиршуда дар боздоштгоҳ қарор дорад ва масъулини Додситонии минтақавии Белоярский бо иҷрои расмиёти истирдоди ӯ ба Ватан машғул мебошад.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Кормандони пулиси байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо маъмурини пулис ва амниятии вилояти Свердловск як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд, ки дар пайгарди қонунии байналмилалӣ қарор дошт, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти минтақавии ВКД-и Русия.

"Шаҳрванди Тоҷикистон Ҳаёт К. Аз соли 2013 ба иттиҳоми тақаллубкорӣ ва ғайриқонунӣ гирифтани қарз аз бонк даркофтукоби байналмилалӣ қарор дошт", — навиштааст манбаъ.

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: қаллобӣ бо маблағи бузург дар пойтахт ва Исфара

Манбаъ мегӯяд, Ҳаёт К. Гӯиё соли 2008 аз як бонки шаҳри Хуҷанд баррои сохтани корхонаи хурди коркарди пахта 1,7 миллион сомонӣ, ки бо қурби он замон 400 000 доллар будааст, қарз мегирад. 700 000 сомонӣ аз ин маблағро барои пардохти қарзи дигараш истифода намуда, маблағи боқимондаро аз худ мекунад.

"Дар ҳоли ҳозир нафари дастгиршуда дар боздоштгоҳ қарор дорад ва масъулини Додситонии минтақавии Белоярский бо иҷрои расмиёти истирдоди ӯ ба Ватан машғул мебошад", гуфтааст сардори хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Свердловск Валерий Горелих.

Моҳи октябри соли 2015 кормандони пулиси байналмилал дар Свердловск иттилоъ дар бораи сафари шаҳрванди Тоҷикистон ба ин минтақаро, ки дар кофтукоби ҷиноӣ қарор дорад, дарёфт карданд. Дар пайи таҳқиқ маълум гардид, ки гумонбар дар яке аз хонаҳо ба ҳайси муҳофиз кор мекардааст. Дар натиҷа ӯ боздоштшуда ба Шуъбаи пулиси Заречний интиқол дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0